07:14, 23 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

287 миллион тонна - вазни умуммии аҳолии ҷаҳон

Як гурӯҳи олимон аз Биританияи Кабир вазни умуммии аҳолии

ҷаҳонро новобаста аз синну сол ва харобиву фарбеҳӣ муайян намуданд. Тибқи фарзияи олимон вазни умумии аҳолии сайёра тақрибан 287 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Тадқиқоти олимон таҳти сарпарастии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ анҷом дода шуд. Тибқи нишондод оморӣ вазни миёнаи одамон новобаста аз ҷинс 62 килограммро ташкил медиҳад. Дар ин тадқиқот тамоми ҷанбаҳои зисти сокинони кишварҳо ба инобат гирифта шудааст. Барои мисол ба ҳисоби миёна вазни сокинони Амрикои Шимолӣ ҳаштод килограммро ташкил медиҳад. Ҳол он, ки вазни миёнаи шаҳрвандони Осиё ба 60 килограмм мерасад. Олимон бо ин тадқиқот кушиш доранд ба масъалаи фарбеҳии одамон новобаста аз синну сол диққати ҳамаро ҷалб намоянд. Агар ҳар як сокини сайёра монанди сокинони ИМА вазн гиранд, дар ин сурат Замин 58 миллион тоннаи дигар вазнин мешавад. Ин дарҳолест, ки 70 дарсади сокинони кишвар дорои вазни зиёд мебошанд .