00:51, 22 Августи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Вазъи ҳавои кишвар барои 12.05.2017

Тавре мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар иттилоъ доданд,

12—уми май дар вилояти Бадахшон ҳаво тағирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 6 то 11 дараҷа ва рӯзона аз 23 то 28 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 1 то 6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 12 то 17 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Xатлон ҳаво камабри бебориш пешгӯйӣ мегардад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 16 то 21 дараҷа ва рӯзона аз 34 то 39 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 9 то 14 дараҷа гарм ва рӯзона аз 27 то 32 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд низ ҳаво камабри бебориш ба қайд гирифта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 7 метр дар як сония ва шиддатнокӣ дар баъзе ҷойҳо аз 12 то 17 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 15 то 20 дараҷа ва рӯзона аз 32 то 37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво шабона аз 5 то 10 дараҷа ва рӯзона аз 22 то 27 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 12 то 17 дараҷа гарм ва рӯзона аз 31 то 36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 7 то 12 дараҷа ва рӯзона аз 31 то 26 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе бошад, ҳаво камабри бебориш пешгӯйӣ мегардад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 13 то 15 дараҷа гарм ва рӯзона аз 34 то 36 дараҷа гарм мешавад.