06:22, 08 Апрели 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Рӯзи пойтахт 40 адад автобусҳои мусофиркаши тамғаи «ISUZU» мавриди истифода қарор дода мешаванд

«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади беҳтар гардонидани

сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон 23 марти соли равон бо яке аз ширкатҳои Ҷумҳурии Туркия шартномаи ҳамкорӣ баст, ки мувофиқи он дар марҳилаи аввал 40 адад ва марҳилаи дуюм 24 адад автобусҳои мусофиркаши тамғаи «ISUZU» ба шаҳри Душанбе ворид мегарданд. Шоми дирӯз мувофиқи ин шартнома 40 адад автобусҳои мусофиркаши тамғаи «ISUZU» аз ҷониби ронандагони тоҷик аз Ҷумҳурии Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил дода шуданд. Автобусҳои нав ба маблағи умумии 3428600 евро харидорӣ шуда, ҳар кадом 85 000 евро нарх доранд. Автобусҳои мусофиркаши нав ба ҳама талаботи замони муосир ҷавобгӯ буда, дар онҳо ду камераи мушоҳидавӣ насб гардидааст. Дар автобусҳо барои шахсони имконияташон маҳдуд низ шароит фароҳам оварда шудааст»,- гуфт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Қурбон Саидзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе. Қурбон Саидзода ҳамчунин зикр кард, ки автобусҳои мусофиркаши тамғаи «ISUZU» 15 апрел, ки ба ҷашни Рӯзи пойтахт рост меояд, ба истифода дода шуда, дар ин рӯз ба таври ройгон ба мардум хизмат мерасонанд. Мусофиркашонҳои нав дар хатсайри №1 ва №3 дар маркази шаҳр -хиёбони Рӯдакӣ ҳаракат намуда, баъди ду моҳи пардохти нақдӣ ба хизматрасонии электронӣ мегузаранд. Дар ҳар автобус се таҷҳизоти электронӣ насб мегардад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани мусофиркашҳои нав, автобусҳои ба талабот ҷавобгубуда барои истифода ба дигар хатсайрҳо интиқол дода шуда, автобусҳои муҳлати истифодаашон гузашта комилан аз хатсайрҳо бардошта мешаванд. «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ният дорад, ки моҳи июли соли равон боз 24 адад автобусҳои мусофиркаши тамғаи «ISUZU»-ро ба шаҳри Душанбе ворид намояд», — афзуд Қурбон Саидзода.