06:56, 08 Апрели 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Чин «Долони осмонӣ» ба истифода дода шуд

Дар шаҳри Чунтсини Ҷумҳурии Мардумии Чин барои сайругашти сокинон

роҳи шишагин бо номи рамзии «Долони осмонӣ» сохта ба истифода дода шуд. Роҳи шишагин 80 метр дарозӣ дошта, дар баландии 200 метр сохта шудааст. Шакли он ба ҳарфи «А» монанд буда, дар як вақт 80 нафар метовонанд дар болои он қарор дошта бошанд. Ҳукуматдорони маҳаллӣ нақша доранд, ки роҳи шишагинро ба китоби рекордҳои Гиннес шомил кунанд. Моҳи сентябри соли 2016-ум дар боғи миллии Чжантсзятсзеи музофоти Хунан пули дарозтарини шишагин сохта ба истифода дода шуда буд. Дарозии пул 430 метр, паҳноии он 6 метр буда, дар баландии 3 метр аз замин сохта шудаааст. Дар як вақт 600 нафар метавонанд болои он қадам зананд.