01:52, 25 Сентябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Қисми бештари сигоркашон дар ҷаҳон аз мамлакатҳои Осиё будаанд

Олимон рӯйхати мамлакатҳоеро, ки сокинонашон аз ҳад зиёд

тамоку истифода мебаранд ё баръакс, яъне кам, интишор доданд. Шумораи умумии сигоркашон дар сайёра имрӯз ба миллиард нафар расидааст. Ҳар чорумин мард ва ҳар 20-умин зан дар ҷаҳон ба сигоркашӣ майл доштааст. Имрӯз теъдоди сигоркашон дар муқоиса ба нафароне, ки аз истифодаи тамоку даст кашидаанд, рӯ ба афзоиш овардааст. Тибқи маълумот шумораи сигоркашон дар сайёра соли 2015, 933 миллион нафарро ташкил медод. Олимон фавти 1 миллиард аҳолии сайёраро дар сурати идомаи ин раванд тахмин мезананд. Қисми бештари сигоркашон дар мамлакатҳои Осиё, аз ҷумла Чин, Ҳиндустон ва Индонезия умр ба сар мебаранд. Дар кишварҳои мазкур наздики 400 миллион мард мудом аз тамоку истифода мекунад. Аксари занҳои сигоркаш дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Чин ва Ҳиндустон истиқомат менамоянд, ки теъдоди онҳо дар маҷмӯъ аз 13 то 17 миллион нафарро ташкил медиҳад. Ба мамлакатҳое, ки дар онҳо талафоти зиёди одамон аз сигоркашӣ ба қайд гирифта шудааст, Чин, Ҳиндустон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Россия ва Индонезия шомиланд. Дар ин кишварҳо ҳамасола аз 200 то 800 ҳазор нафар аз сигоркашӣ ба ҳалокат мерасад. Дар Чин нишондоди фавт аз истифодаи тамоку ба 1,8 миллион нафар баробар мебошад. Ҳамчунин дар 30 мамлакати ҷаҳон сатҳи сигоркашӣ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла, дар Ҳиндустон аз соли 2005 шумораи сигоркашон ҳамасола 3 дарсад коҳиш меёбад. Дар Бразилия бошад, тайи 27 соли ахир сатҳи истифодабарандагони тамоку ба 56 ё 57 дарсад поён рафтааст.