04:07, 24 Апрели 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Сарбозони ихтиёрӣ бо дуои нек ба хизмати Модар-Ватан рафтанд

Субҳи имрӯз дар маркази вилояти Хатлон барои сафарбаркунии наваскарони ихтиёрӣ

роҳбарияти вилоят ва даҳҳо падару модар ҷамъ омада, сарбозони ихтиёриро бо дуои нек ба хизмати Модар-Ватан равон карданд. Дар чорабинии мазкур раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, сардори комиссарияти вилояти Хатлон Нуралӣ Фақиров, муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон Фариза Абдулоева ва падару модарони аскарбачаҳо иштирок намуданд. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, ҳамаи давъватшудаҳоро ба сафи Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбик намуда, иброз намуд, ки “Ҳеҷгоҳ набояд фаромӯш кард, ки заминаи таъмини асосии бехатари ва амнияти давлат ҳимояи марзу бум ва сулҳу суботи кишвар дар ҳама давру замон Артиш буд ва то абад мемонад”. Раиси вилояти Хатлон иброз дошт, ки танҳо ҷавонони бо ору номус, шуҷоъ ва ватандӯст метавонад, ки ҳар як порчаи ватанро ҳифз кунад ва мардонавод сазовори номи сарбозӣ шаванд. Чорабинии мазкуро Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон бо барномаи ҳунарии худ, ранги дигар бахшиданд.