04:05, 24 Апрели 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

«Бемории сил табобатшаванда аст» - Озмун барои рӯзноманигорон

Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи USAID дар Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди бемории сил барои беҳтару хубтар инъикос намудани роҳҳои пешгирӣ ва наҷот аз бемории сил таҳти унвони «бемории сил табобатшаванда аст» дар байни рӯзноманигорони ВАО озмун эълон менамоянд.

Ҳадафҳо: Ҳадафҳои асосии озмун ин баланд бардоштани сатҳи донишу маълумоти аҳолӣ оид ба мавзӯъҳои калидии бемории сил ва мубориза бар зидди онҳо, ташаккул додани таҳаммулпазирӣ, муносибати неку бомасъулият дар ҷомеа нисбат ба беморони сил ва тақвияти муколама дар ҷомеа оид ба масъалаҳои сил мебошад.

Доираи мавзӯъҳо: Сил – бемории сироятӣ аст, яке аз сабабҳои паҳншавии он паст будани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба роҳҳои сироятёбӣ, усулҳои пешгирӣ ва табобат, мавҷуд будани бофтаву хаёлҳо дар бораи ин беморӣ, инчунин тамғагузорӣ нисбат ба беморони сил.

Номинатсия: Дар озмун мавод аз рӯйи номинатсияҳои зерин қабул карда мешавад:

нашри беҳтарин мавод дар матбуот;

пахши беҳтарин барномаи телевизионӣ ё радиоӣ;

беҳтарин мавод дар сомонаи интернетӣ.

Талабот ба маводи озмун: Нусхаҳои асл ва ё рӯнавишти мавод бо нишон додани таърихи нашр/рӯзу вақти пахш дар эфир, номи ВАО ва ному насаби муаллиф қабул карда мешаванд. Ба озмун барномаҳои телевизионию радиоӣ, маводи дар рӯзномаю маҷаллаҳо ва интернет нашршуда, ки ба масъалаҳои бемории сил дар Тоҷикистон бахшида шудаанд, пешниҳод бояд шаванд. Ба озмун маводҳое, ки аз 1-уми январи соли 2017 то 31 августи соли 2017 нашр ва ё пахш шудаанд, қабул карда хоҳанд шуд. Ба маводи дар қолаби жанрҳои таҳлилӣ навишташуда афзалият дода мешавад. Маросими супоридани ҷоиза ба ғолибон моҳи сентябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. муҳлати пешниҳоди мавод Мавод бо ишораи «Барои озмуни рӯзноманигорон» то 31 августи соли 2017 ба нишонии Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим, ш. Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ–48 (бинои Маркази миллии ташхис) ошёнаи 12, инчунин аз тариқи почтаҳои электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. , Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ; Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. , ирсол гарданд.

Шартҳо: Аз як нафар ширкаткунандаи озмун то 3 мавод, нусхаҳои асл ё рӯнавишт ва сабтҳои телевизиониву радиоӣ қабул карда хоҳад шуд. Дар мактуби ҳамроҳ фиристодашуда зикри нуктаҳои зайл шарт аст: номинатсия, ному насаб, нишонии ҷойи зист, телефон, почтаи электронӣ, ҷойи кор дар ВАО ва таърихи нашр ва ё пахши ахбор, инчунин миқдори нашр, барои сомонаҳои интернетӣ шумораи хонандагон дар як рӯз.

Маводи нашр ва пахш нашуда, инчунин дар сомонаҳои интернетӣ нашрнашуда баррасӣ нахоҳанд шуд. Маводи ирсолшуда баргардонида намешавад, инчунин барои маводи гумшуда ва ё дарида тарафи ташкилкунандаи озмун масъулиятро ба дӯш нахоҳад гирифт. Ташкилкунандагони озмун ҳуқуқ доранд натиҷаи озмунро таҷдиди назар намоянд ва ё маводро аз озмун пас гиранд, агар ошкор гардад, ки муаллиф (муаллифон) бо барномаи USAID дар Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди бемории сил ягон гуна мансубияте дошта бошанд. ҳакамон Ба ҳайати ҳакамон намояндагони васоити ахбори омма, экспертҳои намоёни соҳаи силшиносӣ, инчунин намояндагони USAID, ки доир ба масъалаҳои сил кор мебаранд, ширкат меварзанд. Ҳакамон ғолибони озмунро аз рӯйи ҳар номинатсия мутобиқ ба маҳакҳои зерин муайян хоҳанд кард:

Мавод бояд таҳлилӣ бошад ва оид ба сил маълумоти калидиро дар бар гирад, аз ҷумла дар бораи он ки сил табобатшаванда аст ва авлодӣ нест, инчунин ба фаҳмиш ва дуруст дарк намудани ташхиси муосир, табобат, пешгирӣ, роҳҳои паҳн гаштани сил ва ҳолатҳои ҷории эпидемологӣ мувофиқат намояд.

Мавод бояд ба паст намудани сатҳи доғгузории иҷтимоӣ нисбат ба беморони сил, аз байн бардоштани муносибатҳои шахшудаинодуруст (стереотип) ва маҳдудияти ҳуқуқ (дискриминатсия) мусоидат намуда, дар ҷомеа муносибати таҳаммулпазириро нисбат ба шахсони гирифтори сил ташаккул диҳад, инчунин ба талаботи меъёри назокати касбии журналистон ҷавобгӯ бошад. Мавод бояд дар бораи самараи кори барномаҳои зиддисилии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасаввур ҳосил кунонанд (дар жанрҳои аналитикӣ чорабиниҳои алоҳида ё фаъолият оид ба назорати сил дар кишвар инъикос гардад). Ҳакамон ҳуқуқ доранд шахсони ба ҳайати панҷ нафари ғолибон шомил нашударо бо диплом ва мукофотҳо сарфароз гардонанд.

Мукофот: Ғолибони ҳар як номинатсия бо диплом ва мукофот сарфароз карда хоҳанд шуд. Масрафи нақлиёти ғолибони озмун аз минтақаҳо аз тарафи ташкилкунандагони озмун пардохт мегардад. Мукофотонидани ғолибон мутобиқи ҷадвали пешакӣ таҳияшуда баргузор мегардад.

Шахсоне, ки бо онҳо тамос гирифтан мумкин аст:

Мусо Абдуқаҳҳоров, тел: 234 00 29; 918 72 27 24

Насрулло Рамазонов, тел: 227 36 45; 227 36 46; 98 784 00 15