15:09, 23 Январи 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Январ 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 24 25 26 27 28
29 30 31        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вазъи ҳавои кишвар барои 01.04.2017

Тавре мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар иттилоъ доданд,

якуми апрел дар вилояти Бадахшон ҳавои тағйирёбанда ба қайд гирифта шудааст. Эҳтимолияти боридани борон вуҷуд дорад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона аз 9 то 14 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 9 то 14 дараҷа хунук ва рӯзона аз то 5 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи абрнок пешгӯйӣ мегардад. Борон меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 9 то 14 дараҷа ва рӯзона аз 22 то 27 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво шабона аз 5 то 10 дараҷа ва рӯзона аз 17 то 22 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ гардида, дар водиҳо эҳтимолияти боридани борон вуҷуд дорад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 8 то 13 дараҷа ва рӯзона аз 17 то 22 дараҷа гарм хоҳад шуд. Ҳаво дар доманакӯҳҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона аз 8 то 13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ мегардад. Боридани борон ба қайд гирифта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 7 то 12 дараҷа ва рӯзона аз 20 то 25 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона то 5 дараҷа гарм ва рӯзона аз 10 то 15 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шаҳри Душанбе низ ҳаво тағйирёбанда шуда, субҳгоҳон борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 7 то 9 ва рӯзона аз 23 то 25 дараҷа гарм мешавад.