15:18, 19 Ноябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

«SpaceX» хоҳишмандонро ба атрофи сайёраи Моҳ мебарад

Ширкати амрикоии «SpaceX» тасмим дорад, ки то охири соли 2018-ум

парвози тиҷоратии сокинонро атрофи сайёраи Моҳ ба роҳ монад. Дар ин бора намояндагони ширкат расман изҳорот доданд. Дар ин изҳорот қайд карда мешавад, ки парвози хоҳишмандон ба Моҳ тавассути киштии кайҳонии «Dragon» амалӣ карда мешавад. Ин киштии кайҳонӣ имкон дорад, ки ҳайати сарнишини кайҳонавардонро низ ҷо кунад. Киштии мазкур барои парвоз аллакай то охири соли равон омода мегардад. Дар марҳилаи аввал киштии кайҳонии Драгон ду сайёҳи кайҳониеро, ки аллакай барои парвоз маблағи худро пардохт кардаанд, ба сайёраи Моҳ мебарад. Киштии кайҳонии мазкур ҳамчунин барои ба истгоҳи байналмилали кайҳонӣ интиқол додани кайҳонавардони НАСА истифода карда мешавад. Аввалин парвоз ба истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ бояд охири соли равон анҷом дода шавад. Дар оғоз киштии кайҳонӣ бидуни одамон ба кайҳон парвоз хоҳад кард. Танҳо баъди семоҳаи дуюми соли 2018 таҳвили сайёҳону кайҳонавардон са сайёраи Моҳ анҷом дода мешавад. Дар интиқол додани киштии кайҳонии Драгон мушаки «Falcon 9», ки айни ҳол дар арафаи коркард қарор дорад, истифода карда мешавад. Аввалин парвози санҷишии онро тобистони соли равон ба роҳ мемонанд. Тавре намояндагони ширкати «SpaceX» изҳор медоранд, парвози киштии кайҳонии Драгон бо ду сайёҳ аз маркази парвози киштиҳои кайҳонии Канаверал штати Флорида амалӣ карда мешавад.