04:40, 22 Октябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вазъи ҳавои кишвар барои 01.02.2017

Аз рӯйи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар,

якуми феврал дар вилояти Бадахшон ҳавои тағйирёбанда ба қайд гирифта шуда, фаромадани туман дар назар аст. Барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 2 то 7 дараҷа хунук мешавад ва эҳтимолияти то 12 дараҷа поён рафтани ҳарорат вуҷуд дорад ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 15 то 20 дараҷа хунук шуда, дар ин ҷо низ то 28 дараҷа поён рафтани ҳарорат дар назар аст ва рӯзона аз 5 то 10 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар вилояти Xатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ мегардад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Шабона дар водиҳо аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона аз 9 то 14 дараҷа гармӣ дар назар аст. Ҳаво дар доманакӯҳҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 то 7 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯйӣ мегардад. Туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона аз 4 то 9 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво шабона аз 7 то 12 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ мегардад. Боридани барф дар қисмати дуюми рӯз назар дошта шуда, фаромадани туман аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона аз 8 то 13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 5 то 10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Туман мефарояд. Эҳтимолияти боридани барфу борон вуҷуд дорад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона аз 11 то 13 дараҷа гарм мешавад.