04:00, 24 Апрели 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Роҳ боз шуд. Рӯзҳои тоқ аз Хуҷанд, ҷуфт аз Душанбе

Шурӯъ аз субҳи имрӯз, 31-уми январ ҳаракати воситаҳои нақлиёт

дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд оғоз шуд. Рафтуомад дар ин масир аз се рӯз ба ин тараф бинобар резиши тарма, ба мушкил рӯ ба рӯ шуда буд. Ба иттилои дафтаи матбуоти ширкати IRS, аз ин ба баъд ва барои як муддати муайян, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин роҳ тибқи реҷа ё ҷадвали тасдиқнамудаи Вазорати нақлиёт ва Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ сурат мегирад. Тибқи ин ҷадвал, ҳаракат рӯзҳои тоқи моҳ аз тарафи Хуҷанд ба Душанбе ва дар рӯзҳои ҷуфт аз Душанбе ба самти Хуҷанд сурат мегирад. Масъулони ширкати IRS ҳамзамон аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш кардаанд, ки ин муқарраротро риоя намоянд, то ҳаракат дар ин масир халалдор нашавад.