04:01, 24 Апрели 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Душанбе дар раддабандии шаҳрҳои аз нигоҳи туризм ояндадор ҷойи аввалро соҳиб шуд

Душанбе, пойтахти Тоҷикистон дар раддабандии (рейтинги) шаҳрҳои

аз нигоҳи туризм ояндадор ҷойи аввалро соҳиб шуд. Ин раддабандиро маҷаллаи сайёҳии «34travel” бар асоси таҳқиқоти ширкати машҳури амрикоӣ «Mastercard» таҳия кардааст. Маҷаллаи сайёҳии «34travel« рӯзи 30 январ бар асоси таҳқиқоти «Mastercard», ки яке аз ширкатҳои бузурги трансмиллии молиявии ИМА маҳсуб меёбад, рӯйхати 5 шаҳрро, ки имкониятҳои зиёде дар соҳаи сайёҳӣ доранд ва дар оянда метавонанд ба самтҳои асосии ҷаҳонгардии сайёҳони хориҷӣ табдил биёбанд, нашр кард. Дар ин раддабандӣ дар ҷои аввал шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ҷой гирифтааст. Дар ин рӯйхат ҳамчунин София, пойтахти Булғористон, Бухарест, пойтахти Руминия, шаҳри Касабланка ё Дор-ул-Байдои Марокаш ва шаҳри Бостони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ дар ҷумлаи шаҳрҳое, ки имрӯз сайёҳони зиёд надошта бошанд ҳам, вале дар ояндаи наздик метавонанд ба «Макка»-ҳои нави ҷаҳонгардии сайёҳони олам табдил ёбанд, зикр шудаанд. Маҷаллаи «34travel» дар шарҳи интихоби Душанбе ба унвони яке аз шаҳрҳои аз нигоҳи туризм ояндадор, аз ҷумла чунин нигоштааст: «Табиати кӯҳистонаш поку ором аст. Агар шумо мехоҳед аз тамоми хубиҳои туризм баҳра баред, беҳтар аст, ки саёҳати худро ба ин ҷо зудтар ба нақша гиред. Дар соли 2015 шумори сайёҳоне, ки аз Тоҷикистон дидан кардаанд, назар ба як соли қабл ду маротиба афзудааст». Душанбе дар тасвири ин маҷалла дарвозаест барои онҳое, ки орзуи дидани қуллаҳои осмонбӯси кӯҳистони Помир ё ошноӣ бо ганҷинаи бозмонда аз даврони Зардуштро дар дил мепарваранд. Муаллифони раддабандӣ ба ин муштоқони тамошои кӯҳистон ва осори аҳди бостон машварат додаанд, ки қабл аз баланд шудан ба қуллаҳои Помиру рафтан ба умқи даврони Зардушт, «хеле хуб омӯхтани пойтахти Тоҷикистонро фаромӯш накунанд. Номи Душанбе худ маънои рӯзи аввали ҳафтаро дорад ва ишора ба он мекунад, ки сафари худро бояд аз ҳамин ҷо оғоз кард». Муаллифон ба сайёҳон дар Душанбе ҳатман тамошо кардани осорхонаҳои бостонӣ, археологӣ ва этнографиро машварат дода, навиштаанд, ки «чашидани шоҳкорҳои ошпазии маҳаллӣ – оши палави машҳури тоҷикӣ ва шириниҳои тоҷикиро фаромӯш накунед. Бар изофа, бузургтарин ҳайкали Буддои хобида дар Осиёи Марказӣ низ дар Душанбе ба тамошо гузошта шудааст». Қобили зикр аст, ки раддабандии ширкати маъруфи амрикоӣ дар ҳоле нашр шудааст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба рушди минбаъдаи соҳаи туризм дар мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, чунин изҳор намуданд: «Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад». Тавре Пешвои миллат ишора намуданд, ҳоло дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони зиёда аз 80 кишвар низоми содакардашудаи раводид ҷорӣ карда шудааст. Дар натиҷа, шумораи сайёҳон дар се соли охир мунтазам афзоиш ёфта, ду баробар (аз 207 то 414 ҳазор нафар) зиёд гардидааст. Бино ба омори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, танҳо дар 9 моҳи соли 2016 беш аз 312 ҳазор сайёҳи хориҷӣ аз Тоҷикистон дидан кардаанд, ки назар ба як соли қабл 72 ҳазор ё 23 дарсад бештар аст. Дар ин муддат аз ҳисоби сайёҳон ба Тоҷикистон 156 миллион доллар пул ворид шудааст. Кумитаи мазкур ният дорад, ки то соли 2020 шумори сайёҳони хориҷиро соле ба 1 миллион нафар расонад.