16:57, 19 Декабри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Қабули қарори нав барои пешгирӣ аз фарбеҳшавӣ

Ҳукуматдорони Франсия бо мақсади пешгирӣ аз фарбеҳшавӣ миёни аҳолӣ

қарори нав қабул карданд. Акнун дар тарабхонаҳо ва дигар марказҳои ҷамъиятӣ фурӯши нушокиҳои шакар ва газдоро, ки бо нархи паст ё бе пардохти маблағ ба мизоҷон пешниҳод карда мешаванд, манъ карда шуд. Минбаъд мизоҷони тарабхонаҳо барои ҳар як ғизо ё нӯшокӣ дар алоҳидагӣ маблағ пардохт мекунанд. Аз чунин тарзи кор роҳбарони як қатор корхонаҳои худхидматрасон норозигӣ баён карданд. Тибқи маълумот аксари шаҳрвандони Франсия аз фарбеҳӣ азият мекашанд. Наздики 56 дарсади чунин афрод мардҳои аз 30 сола боло мебошанд. 40 фисади дигари фарбеҳонро занҳо дар чунин сину сол дар бар мегирад. Аз соли 2004-ум дар Франсия як қатор қонуну қарорҳо амал мекунад, ки тибқи он дастрасӣ ба истеъмоли ғизоҳои носолим маҳдуд карда шудааст. Аз соли 2011-ум дар муассисаҳои таълимӣ истеъмоли қиёми помидар ё худ кетчупро манъ намудаанд. Ҳамчунин картошкаи бирён ҳафтае танҳо як маротиба барои толибилмон иҷозат дода шудааст.