07:39, 14 Декабри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вазъи ҳавои кишвар барои 27.01.2017

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар,

27-уми январ дар вилояти Бадахшон ҳавои тағйирёбанда ба қайд гирифта шуда, фаромадани тумани тунук дар назар аст. Борону барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 7 то 12 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 17 то 22 дараҷа хунук ва рӯзона аз 7 то 12 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар вилояти Xатлон ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ гардида, туман мефарояд. Боридани барф аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Шабона дар водиҳо аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона аз 6 дараҷа то 11 дараҷа гармӣ дар назар аст. Ҳаво дар доманакӯҳҳо шабона аз 4 дараҷа то 9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 то 7 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯйӣ мегардад. Боридани барф дар водиҳо ва боридани борон дар минтақаҳои куҳӣ дар назар аст. Туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад ва шиддатнокияш аз 10 ба 15 метр дар як сония мерасад. Дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона аз 5 то 10 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво шабона аз 11 то 16 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 9 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбандаи пешбинӣ мегардад. Боридани барф дар назар дошта шуда, фаромадани тумани ғафс аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона аз 5 то 10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 8 то 13 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 то 7 дараҷа хунук мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Шабона барф меборад ва рӯзона туман фаромада, эҳтимолияти боридани борон вуҷуд дорад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона аз 7 то 9 дараҷа гарм мешавад.