15:43, 24 Июли 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

То 13 январ кишварро ҳавои сард фаро мегирад

 

 

 

Рӯзҳои 11 ва 13 январ кишварро ҳавои сард фаро гирифта, ҳарорати ҳаво

дар аксар минтақаҳои кишвар поин мефарояд. Ҳаво дар минтақаҳои кӯҳии вилояти Суғд, навоҳии тобеи марказ ва ВМКБ аз 13 то 18 дараҷа сард хоҳад шуд. Дар ин бора аз Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок ва дар баъзе ҳолатҳо бориши борону барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2 дараҷа хунук ва рӯзона аз 6 то 8 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 12 то 17 дараҷа, дар баъзе ҷойҳо то 20-25 ва рӯзона аз 5 то 10 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 32-37 ва рӯзона аз 14 то 19 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар минтақаи Булункул шабона то 50 дараҷа ва рӯзона 15-20 дараҷа сардӣ пешгӯйӣ мешавад. Дар вилояти Xатлон ҳавои абрнок ва дар баъзе ҳолатҳо бориши борону барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона аз 1 то 6 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок ва дар баъзе ҳолатҳо бориши борону барф пешгӯйӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона то 5 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан бориши барфу борон ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 то 8 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона аз 9 то 14, дар баъзе ҷойҳо то 20 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 то 8 дараҷа хунук хоҳад шуд.