02:47, 16 Декабри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вазъи ҳавои кишвар барои 11.01.2017

Тибқи иттилои мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар,

11-уми январ дар вилояти Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 14 то 19 дараҷа ва рӯзона аз 4 то 9 дараҷа хунук мешавад. Инчунин рӯзона эҳтимолияти то 20-27 дараҷа сард шудани хаво вуҷуд дорад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 32 то 37 дараҷа ва рӯзона аз 14 то 19 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар вилояти Xатлон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешбинӣ шудааст. Дар баъзе минтақаҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона аз 9 то 14 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 4 то 9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 8 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда бебориш мешавад. Туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона то 5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 5 то 10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво шабона аз 13 то 18 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 то 8 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбанда бебориш дар назар дошта шудааст. Туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 то 7 дараҷа хунук ва рӯзона аз 8 то 13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 9 то 14 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 7 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шаҳри Душанбе бошад, ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 4 то 6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 10 то 12 дараҷа гарм мешавад.