10:16, 30 Апрели 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар як сол 6 млн нафар аз истифодаи сигор мефавтанд

Истифодаи тамоку аз ҷониби сокинони сайёра солона 1 триллион доллар

ба иқтисодиёти ҷаҳон зарар мерасонад. Ба ин омор маблағе, ки ба соҳаи тандурустӣ равона мегардад, низ шомил карда шудааст. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Институти миллии онкологии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар медиҳад. Ҳамчунин таҳқиқотгарон изҳор медоранд, ки теъдоди фавтидагон аз истифодаи сигор то соли 2030-юм бамаротиб афзоиш хоҳад ёфт. Дар ҳоли ҳозир дар як сол 6 миллион нафар аз истифодаи сигор мефавтанд. То соли 2030-юм ин нишондод ба 8 миллион нафар хоҳад расид. 80 дарсади марги одамон ба кишварҳое, ки даромади молиашон кам ва миёна мебошад, рост меояд. Тадқиқотгарон илова мекунанд, ки ҳукуматдорони кишварҳо имкон доранд, то миёни аҳолӣ истифодаи тамокуро бо роҳу воситаҳои гуногун коҳиш диҳанд. Аммо худи кишварҳо ба ин раванд чандон мароқ зоҳир намекунанд.