11:55, 27 Феврали 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Феврал 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
28          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Нишасти матбуотӣ дар Саридораи геологияи назди ҲҶТ

Масъулини Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

иттилоъ доданд, ки соли 2016-ум аз ҳисоби буҷа тибқи 37 лоиҳа ба маблағи 13 миллион сомонӣ, корҳои шартномавӣ аз рӯйи 144 лоиҳа дар ҳаҷми 12 миллиону 352 ҳазор сомонӣ ва пудратиро ба маблағи 141 ҳазор сомонӣ иҷро намуданд. Дар маҷмӯъ бо усули хоҷагидорӣ ба маблағи 24 миллиону 910 ҳазор сомонӣ ё худ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 1 милиону 179 ҳазор сомонӣ корҳо зиёд анҷом дода шуда, суръати афзоиш 105 дарсадро ташкил додааст. Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ барои иҷрои корҳои иктишофи геологӣ 11 миллиону 702 ҳазор сомонӣ ихтисос ёфта буд. Саридора бошад, ба маблағи 7 миллиону 244 ҳазор сомонӣ ба буҷа андоз супоридааст, ки 62 фисади маблағҳои аз буҷаи давлатӣ барои иҷрои корҳои инкишофи ҷудошударо ташкил медиҳад. Зикр гардид, ки дар соли равон дар Шӯрои илмӣ-техникии Саридора 29 лоиҳаи корӣ оид ба омӯзиши геологӣ, 28 ҳисоботи геологӣ ва 6 ҳисоботи иттилоотӣ баррасӣ шудаанд. Дар комиссияи давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, 43 ҳисобот аз экспертизаи давлатӣ гузаштанд ва захираҳояшон тасдиқ гардидааст.