11:55, 27 Феврали 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Феврал 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
28          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Сардии ҳаво дар Венгрия ба 28 дараҷаи зери сифр мерасад

Сардии ғайриинтизор сокинони Венгрияро дучори мушкили зиёд кард.

Дар ин ҷо сардии ҳаво ба 28 дараҷаи зери сифр мерасад. Чунин вазъи ҳаво дар ин кишвар 5 сол қабл ба қайд гирифта шуда буд. Поёнравии ҳарорати ҳаво ба нафароне, ки аз сарпаноҳ маҳруманд, хатари бештар дорад. Танҳо дар пойтахти мамлакат - шаҳри Будапешт беш аз ҳазор нафар дар хиёбонҳо умр ба сар мебаранд. Бо фарорасии мавсими сармо маркази қабули бехонагон аз одамон пур мегардад. Теъдоди зиёди бехонагон аз рафтан ба марказҳои қабули бесарпаноҳон худдорӣ намуда, дар ҷойҳое зиндагӣ мекунанд, ки дорои чандон шароити хуб нестанд. Масъулин барои наҷоти бехонагон аз марг ба онҳо либосворӣ ва дигар маводи зарурӣ тақсим мекунанд.