11:55, 27 Феврали 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Феврал 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
28          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Аввалин кумаки башардӯстон дар соли 2017 вориди Димишқ шуд

Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ниҳоди кумакрасон

дар оғози соли 2017-ум аввалин кумакҳои башардӯстонаро ба минтақаҳои Муаддамия ва Дорааи атрофи шаҳри Димишқи Сурия дастрас карданд. Дар ин бора намояндаи расмии СММ Стефан Дюжаррик ба хабарнигорон изҳорот дод. Маводи ғизоӣ, доруворӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ барои 40 ҳазор нафар сокинони минтақаи Муаддамия, ки дар шароити ниҳоят вазнин умр ба сар мебаранд, расонда шудаанд. Ба гуфти намояндаи СММ маротибаи ахир ба сокинони минтақаи мазкур 23-юми октябри соли 2016-ум кумаки башардӯстона ирсол гардида буд. Минтақаҳои беруназшаҳрии Муаддамия ва Дораа аз соли 2012-ум истеҳкоми асосии гурӯҳҳои мухолиф ба ҳисоб мераванд. Моҳи августи соли гузашта Дораа аз ҷангиён пурра поксозӣ гардид. Моҳи октябр бошад, дар ҳудуди Муаддамия амалиёт барои берун кардани гурӯҳҳои силоҳбадаст бо аҳли хонаводаҳояшон оғоз шуд.