05:43, 21 Ноябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вазъи ҳавои кишвар барои 10.01.2017

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар,

10-уми январ дар вилояти Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи асосан бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 17 то 22 дараҷа ва рӯзона аз 2 то 7 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 23 то 28 дараҷа ва рӯзона аз 12 то 17 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар вилояти Xатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш ва фаромадани туман пешгӯйи мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона аз 8 то 13 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 5 то 10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 то 7 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш бо дарназардошти фаромадани туман ба қайд гирифта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона аз 4 то 9 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво шабона аз 16 то 21 дараҷа ва рӯзона аз 1 то 6 дараҷа сард хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 то 6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 9 то 14 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 13 то 18 дарача ва рӯзона то 5 дараҷа сард мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 3 то 5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 12 то 14 дараҷа гарм мешавад.