08:13, 24 Сентябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Аврупо дар иҳотаи сардии қаҳратун

Як қатор минтақаҳои Аврупоро бориши зиёди барф

ва сардии қаҳратун фаро печидааст. Дар музофоти Лапландияи Финляндия, ки дар қисми шимолии ин кишвар воқеъ аст, сардии ҳаво ба 42 дараҷаи зери сифр мерасад. Хадамоти обуҳавосанҷии Финляндия дар хусуси боз ҳам паст рафтани ҳарорати ҳаво дар як қатор ноҳияҳои мамлакат ҳушдор медиҳад. Дар Босния ва Герсогавиния ҳам бориши барфи зиёд мушоҳида гардид. Дар ин ҷо сардии ҳаво ба 26 дараҷа расидааст. Мутахассисон гузориш медиҳанд, ки ҳавои сард 5 рӯзи дигар боқӣ хоҳад монд. Дар Италия бориши барф дар минтақаҳое, ки тобистони соли 2016-ум аз заминларза зарари зиёд дида буданд, ба қайд гирифта шудааст. Дар қаторкӯҳҳои Сибиллин баландии барф наздики 30 сантиметрро ташкил медиҳад. Дар шаҳрҳои қисми шимолии Олмон бошад, тӯфони «Аксел», ки онро бориши барфу борон ҳамроҳӣ намуд, ба обхезӣ сабаб гардид. Баландии сатҳи об дар баъзе мавзеъҳои заминҳои Шлезвиг-Голштейн ва Мекленбург-Померенияи Ғарбӣ ба 2 метр баробар шуд.