09:48, 24 Июли 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вазъи ҳавои кишвар барои 07.01.2017

Тибқи иттилои мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар,

7-уми январ дар вилояти Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо барфи камшиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 7 то 12 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 15 то 20 дараҷа ва рӯзона аз 6 то 11 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар вилояти Xатлон ҳавои абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо бориши барфи камшиддат дар назар аст. Туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона аз 1 то 6 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 4 то 9 дараҷа ва рӯзона 05 дараҷа хунук мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона аз 1 то 6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво шабона аз 11 то 16 дараҷа ва рӯзона аз 1 то 6 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани барфи камшиддат пешгӯйӣ гардидааст. Туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 то 6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 10 то 15 дараҷа ва рӯзона аз 1 то 6 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар шаҳри Душанбе бошад, ҳавои абрнок ва дар баъзе ҳолатҳо бориши барфи камшиддат дар назар аст. Туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 2 то 4 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 то 5 дараҷа гарм мешавад.