19:16, 20 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Интиқоли неруи барқ ба аҳолӣ боз як соати дигар зиёд карда шуд

Истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, сол то сол таъмини аҳолӣ бо неруи барқ хубтару беҳтар мегардад. Вазорати энергетика ва захираҳои об ба диққати аҳолии мамлакат мерасонад, ки оғоз аз 6-уми январ, интиқоли неруи барқ ба аҳолӣ як соат зиёдтар, яъне 18 соат таъмин карда мешавад, ки ин нисбат ба соли гузашта 9 соат зиёдтар аст. Ба тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ аз соати 5-и субҳ то соати 23:00 неруи барқ бемаҳдудият таъмин карда мешавад. Вазорати энергетика ва захираҳои об ба таваҷҷуҳи аҳолӣ, ташкилоту муассиса, роҳбарони корхонаву муассисаҳо мерасонад, ки неруи барқро сарфакорона истифода бурда, ҳаққи истифодаи онро саривақт пардохт намоянд. Истифодаи самараноку сарфакоронаи неруи барқ метавонад таъминоти аҳолиро бо неруи барқ боз ҳам беҳтару хубтар намояд.