01:28, 28 Марти 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Март 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вазъи ҳавои кишвар барои 06.01.2017

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар,

6-уми январ дар вилояти Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 7 то 12 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 15 то 20 дараҷа ва рӯзона аз 5 то 10 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар вилояти Xатлон ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ шуда, дар минтақаҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф пешгӯйӣ мешавад. Туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона аз 5 то 10 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 6 то 11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, дар минтақаҳои кӯҳӣ барф меборад. Туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона аз 2 то 7 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво шабона аз 6 то 11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбанда ва дар минтақаҳои кӯҳӣ бориши барф дар назар аст. Туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 5 то 10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 то 9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 2 то 4 дараҷа хунук ва рӯзона аз 7 то 9 дараҷа гарм мешавад.