18:08, 19 Августи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Роҳҳои Ванҷ аз барф тоза карда шуд

Боришоти зиёди барф, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми декабри соли 2016-ум

дар ҳудуди вилояти Бадахшон ба қайд гирифта шуд, боиси сангфароӣ ва тармаю сел дар аксар роҳҳои нақлиётгард гардид. Дар ин рӯзҳо масъулияти кормандони муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард дучанд шуд. Тозакорон тавассути як адад эксватори тамғаи Беларус кӯчаҳои барфпӯши маркази ноҳияро барои ҳаракати бидуни монеа омода мекарданд. Ин дар ҳолест, ки рафтуомади нақлиёт дар роҳҳои сатҳи ҷумҳуриявии ҳудуди ноҳияи Ванҷ мушкил шуда буд. Зеро кормандони соҳа имкони саривақт тоза кардани онро пайдо накарданд. Баъди ду рӯзи боришоти барф, ки рафтуомади нақлиёт ба ҷамоатҳои деҳоти Техарву Рованди Ванҷи боло мушкил шуда буд, роҳҳо аз барф тоза карда шуданд. Баландии барф дар ин рӯзҳо дар Ванҷ баробар буд ба 1,5 -2 метр. Дар чунин рӯзҳои сарди зимистон техникаи мавҷудаи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ванҷ бояд дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд. Зеро ба зиммаи муассиса 40 километр роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ, 68 километр ҷодаи сатҳи ҷумҳуриявӣ ва 151 километр роҳҳои маҳаллӣ вогузор аст. Дар муассисаи мазкур ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017-ум 79 ҳазор сомонӣ барои харидории сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ ҷудо шудааст. Дар ихтиёри онҳо 8 техникаи роҳсозӣ мавҷуд аст, ки аз ин ҳисоб 4 адади он булдозер мебошад.