02:47, 16 Декабри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Баҳси озмоиши 6 соати корӣ дар Шведсия

Таҷриба оид ба ҷорӣ кардани шаш соати корӣ дар Шведсия

натиҷаи манфӣ дод. Кормандони Хонаи пиронсолон дар Гётеборг, ки дар ин озмоиш ширкат варзиданд, аз натиҷаи он, ки муддати ду солро дар бар гирифт, изҳори нигаронӣ карданд. Аммо сиёсатмадорони маҳаллӣ мегӯянд, натиҷаи ин таҷриба мусбат буд ва он манфиати зиёдро барои аҳолӣ овард. Ҳарчанд он барои буҷаи давлат зараровар мебошад, вале баъзе кормандон ҷорӣ кардани шаш соати кориро ҷонибдорӣ намуданд. Зеро бештари кормандон ҳис карданд, ки саломатиашон беҳтар шуда, варақаи корношоямӣ камтар дархост кардаанд. Ғайр аз ин сатҳу сифати хизматрасонӣ беҳтар карда шуд. Барои дар амал ҷорӣ кардани ин таҷриба роҳбарияти Хонаи пиронсолонро лозим меояд, ки соати кориро аз 40 ба 30 соат расонда, 17 корманди дигари иловагӣ қабул намояд. Барои пӯшондани ин ҳама хароҷот ҳукумати маҳаллиро лозим меояд, ки як миллион еврои дигар харҷ кунад. Гётеборг дуюмин шаҳри калонтарин дар Шведсия ба ҳисоб меравад. Коршиносон бар ин ақидаанд, ки агар чунин қарору қонун қабул гардад, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешавад.