01:28, 28 Марти 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Март 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Маҳдудияти рӯзонаи неруи барқ барҳам дода мешавад

Соҳаи энергетикаи мамлакат бо кумаку дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

пеш аз ҳама Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол рушду тараққӣ ёфта, барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ дар кишвар корҳои бузурге роҳандозӣ шуда истодааст. Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бартараф кардани норасоии неруи барқ бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ неругоҳҳои барқӣ-обии «Сангтуда-1» «Сангтуда-2» ва як қатор неругоҳҳои хурди барқи обӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтаанд ва таҷдиду азнавсозии иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда оғоз шудаанд. Инчунин хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 500, 220, 110 киловолт ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор бунёд гардиданд. Соли 2016-ум бо ин мақсад навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе -2» бо иқтидори иловагии 300 мегватт ба истифода дода шуд ва дар маросими ифтитоҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд. Айни замон Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе -2» бо иқтидори 400 мегават фаъолият намуда, соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолии ҷумҳурӣ бо барқ таъмин гардида истиодааст. Бо иқтидори пурра ба истифода додани Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе -2» ба мо шароит фароҳам овард, ки таъмини неруи барқро ба аҳолӣ нисбат ба солҳои пешин беҳтар намоем. Дар баробари ин ба маълумоти тамоми сокинони кишвар мерасонем, ки вобаста ба муҳайё гардидани иқтидори нави истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ аз санаи 5-уми январи соли 2017-ум маҳдудияти рӯзонаи неруи барқ барҳам дода шуда, тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ аз соати 5-и субҳ то соати 22:00 бемаҳдудият бо барқ таъмин карда мешаванд. Ҳамзамон аз аҳолии мамлакат эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки неруи барқро мақсаднок ва сарфакорона истифода бурда, ҳаққи неруи барқро сари вақт пардохт намоянд. Дар ин бора ба мо аз Дафтари матбуотии Ширкати «Барқи-Тоҷик» иттилоъ доданд.