20:37, 25 Июни 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ванҷ: корҳои сохтмонӣ дар мактаби №4 ҷараён дорад

Сохтмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 барои 640 ҷойи нишаст

дар як баст дар маркази ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон босуръат ҷараён дорад. Паймонкори муассисаи таълимӣ Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ҷовид»-и ноҳия ба шумор рафта, айни ҳол 60 нафар бинокорони маҳаллӣ ба кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Корҳои сохтмонӣ моҳи сентябри соли 2016-ум шурӯъ гардид ва имрӯзҳо бинокорон корҳои оҳану бетониро дар иншоот иҷро мекунанд. Айни замон корҳои бетонхобонӣ дар бинои сеошёнаи муассисаи таълимӣ ҷараён дорад. Сохтмони бинои муосирро ҳайати бисёрнафараи омӯзгорони маркази ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон солҳо боз интизор буданд. Меъморон талош бар он мекунанд, ки корҳои худро бо сифати баланд ба субут расонанд.