11:00, 24 Феврали 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Феврал 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 25 26
27 28          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ванҷ: синфхонаҳои мактаби №15 бо бухорӣ таъминанд

Зимистони имсоларо пайи таълиму тарбия омӯзгорону хонандагони

мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами №15-и Ҷамоати деҳоти Ҷовидони ноҳияи Ванҷ дар синфхонаҳои гарм мегузаронанд. Муассисаи мазкур соли 2010-ум мавриди истифода қарор гирифта, яке аз мактабҳои намунавӣ дар ноҳия ба шумор меравад. Дар ин даргоҳ 20 нафар омӯзгорони дорои маълумоти олӣ ва касбӣ фаъолият дошта, ба 136 нафар хонандагон илму маърифат меомӯзонанд. Талоши омӯзгорон дар баробари омӯзиши забони давлатӣ ба аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русию англисӣ низ нигаронида шудааст. Ба гуфти роҳбарияти мактаб ҳамасола 80 дарсади хатмкунандагон тавассути Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супорида, сазовори номи баланди донишҷӯйи мешаванд. Муассисаи таълимӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017-ум ҳаматарафа омодагӣ дида, 22 тонна ангишт ва дигар маводҳои сухту сӯзро захира кардаанд. Ҳама синфхонаҳо бо бухорӣ таъмин мебошад.