18:04, 19 Августи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Дар Бразилия сатҳи бекорӣ афзоиш ёфт

Дар Бразилия сатҳи бекорӣ миёни аҳолӣ афзоиш ёфтааст.

Тибқи маълумоти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шурӯъ аз моҳи ноябри соли гузашта шумораи ҷойҳои корӣ дар кишвар кам гардидааст, ки ин раванд ба афзоиш ёфтани сатҳи бекорӣ миёни ҷавонон боис гардид. Маълумот нишон медиҳад, ки дар моҳи ноябри соли гузашта шумораи ҷойҳои корӣ дар саросари кишвар ба 117 ҳазор коҳиш ёфтааст. Дар давраи аз моҳи январ то ноябри соли 2016 шумораи ҷойҳои кори ба 858 ҳазор кам шудааст. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки сатҳи бекорӣ миёни аҳолӣ рӯ ба афзоиш аст. Тибқи маълумоти Пажуҳишгоҳи ҷуғрофӣ ва омории кишвар дар моҳи ноябри соли гузшта сатҳи бекорӣ 11,9 дарсадро ташкил дод, ки ин нишондод рекордӣ унвод гардид. Аз моҳи сентябр то ноябр бошад, сатҳи бекори миёни аҳолӣ 12,1 миллион нафарро ташкил дод, ки дар муқоиса ба давраи қаблӣ 33,1 дарсад зиёд мебошад. Дар ин давра шумораи нафароне, ки бо кор таъмин гардидаанд 90,2 миллионро ташкил дод, ки дар қиёс ба давраи гузаша 2,1 дарсад кам мебшад. Ҳамчунин дар ин давра даромади моҳонаи аҳолӣ 2032 реарро, ки ба 619 доллари амрикоӣ баробар мебошад ташкил дод, ки ин нишондод низ назар ба як соли пеш камтар мебошад.