13:45, 30 Марти 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Март 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Роҳҳои бастаи Бадахшон боз шуданд

Бар асари боришоти пай дар пай ва фуромадани тарма

роҳи байналмилалии Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ- Кулма дар километрҳои 558, 560 ва 565-ум муваққатан баста шуд. Аз Муассисаи давлатии «Бадахшонроҳ» иттилоъ доданд, ки баъди як шабонарӯз ҳамаи тармаҳо пок ва ҳаракати мошинҳо барқарор карда шуд. Ҳоло ба тамоми қитъаҳои душворгузар техникаву мехнизмҳои роҳсозӣ интиқол дода шуданд ва дар сурати фаромадани тарма дар зудтарин фурсат роҳ ба рӯи мошинҳои мусофирбару боркаш боз мешавад. Назар ба маълумоти муассисаи обуҳавосанҷии ВМКБ, дар давоми ду шабонарӯз ғафсии барф дар шаҳри Хоруғ то ба ним метр ва шарқи вилоят то 80 см расидааст. Барфкӯчӣ дар ВМКБ одатан баъди боридани борон дар остонаи фасли баҳор рух медиҳад, аммо имсол дар моҳи декабр барф ба борон табдил ёфта, боиси тармафароӣ гардид. Ба гуфтаи ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, боронгариҳои шадид ягон ҳодисаи нохуш дар пай надоштанд. Як мошини боркаш дар роҳи деҳаи Ёмҷи ноҳияи Шуғнон сари роҳ чаппа шуд, аммо касе осеб надид.