08:53, 24 Ноябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вазъи ҳавои кишвар барои 01.12.2016

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар,

якуми декабр дар вилояти Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 то 8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 то 8 дарача гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 18 то 23 дараҷа сард ва рӯзона аз 3 то 8 дарача хунук мешавад. Дар вилояти Xатлон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯйӣ гардидааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона аз 8 то 13 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар доманакӯҳҳо шабона аз 7 то 12 дараҷа хунук ва рӯзона аз 7 то 12 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона аз 4 то 9 дараҷа гармӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 то 6 дараҷа сард ва рӯзона аз 1 то 6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво тағйирёбанда ва бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона аз 8 то 13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 то 6 дараҷа хунук ва рӯзона 05 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи асосан бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 1 то 3 дараҷа хунук ва рӯзона аз 10 то 12 дараҷа гарм мешавад.