15:06, 14 Декабри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вазъи ҳавои кишвар барои 12.11.2016

Аз рӯйи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар,

12-уми ноябр дар вилояти Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона то 5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 11 то 16 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 11 то 16 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар вилояти Xатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 3 то 8 дараҷа ва рӯзона аз 17 то 22 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона то 5 дараҷа гарм ва рӯзона аз 13 то 18 дараҷа гармӣ дар назар аст. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш хоҳад шуд. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона то 5 дараҷа ва рӯзона аз 13 то 18 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво шабона аз 2 то 7 дараҷа хунук ва рӯзона аз 8 то 13 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 5 дараҷа гарм ва рӯзона аз 17 то 22 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа то 6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 12 то 17 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст. Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯйӣ гардидааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2 дараҷа гарм ва рӯзона аз 20 то 22 дараҷа гарм мешавад.