23:31, 20 Сентябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба хизмат дар сатҳи баланд ташкил карда мешавад

Дар Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони масъули сохторҳои ҳарбӣ,

вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссияҳои даъвати вилоят, шаҳру ноҳияҳо, комиссариатҳои ҳарбӣ, командирони қисмҳои ҳарбӣ, мақомоти мададгори мудофиа ва дигар масъулони ҷузъу томҳои ҳарбӣ доир ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми сентябри соли 2016 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» машварати корӣ баргузор гардид. Дар машварат масъулини мақомоти дахлдор вазифадор карда шуданд, ки даъвати тирамоҳии ҷавонписаронро дар сатҳи баланд ташкил намуда, барои пешгирӣ аз сафарбар кардани шаҳрвандони бемор, бо дараҷаи маҳдудиятҳои саломатию инкишофи ҷисмонӣ, инчунин ҷиҳати аз байн бурдани роҳҳои ғайриқонунии ба хизмати ҳарбӣ даъват намудани ҷавонон ба сафи Қуваҳои муссалаҳ тадбирҳои иловагии судманд андешанд. Дар ахири машварат ба роҳбарони сохторҳои ҳарбӣ, комиссияҳои даъват, комиссариатҳои ҳарбӣ ва дигар масъулин дастур дода шуд, ки талаботи Фармони мазкурро саривақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонанд.