04:49, 25 Ноябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда мавриди баррасӣ қарор гирифт

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқадманд барои солҳои 2007-2016» ҳамоиш баргузор гардид. Иштирокчиёни ҳамоиш оид ба масъалаҳои муайян намудани сиёсати дарозмуддати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқҳо ва имкониятҳо доир ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи кишвар аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд, таъмини ҳуқуқи баробари мард ва зан ҳангоми пешниҳод ва таъин намудан ба вазифаи роҳбарикунанда, омода кардани шароити зист ва бо стипендия таъмин намудани донишҷӯдухтарони мактабҳои олӣ мубодилаи афкор намуданд. Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид шуд, ки бо кӯшишҳои ҳамаҷониба занон метавонанд сиёсати давлатро дар мавриди тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар ҳама соҳаҳо ҳаллу фасл намоем.