04:51, 25 Ноябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Тоҷикистонро хокбориш фаро гирифт

Аз шаби гузашта инҷониб дар Тоҷикистон хокбориш «талотум» дорад

ва он тамоми минтақаҳои ҷумҳуриро ғуборолуд намудааст. Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғубори чанголуд бо номи «боди афғонӣ» аз ҷониби Қазоқистон ва Сибир бошиддат вазида, бо сабаби ҳаракати зиддисиклони ғарбӣ аз Урал ҷумҳуриро фаро гирифтааст. Агентии обуҳавошиносӣ тоҷикистониён, бахусус онҳоеро, ки мубталои бемориҳои дилу рагҳо ва дамкӯтоҳӣ ҳастанд, инчунин кӯдаконро даъват менамояд, ки ба қадри имкон манзили худро тарк накунанд ва роҳҳои эҳтиёткориро риоя намоянд. Соҳибони воситаҳои нақлиёт, инчунин ширкатҳои ҳавопаймоии миллӣ аз номусоидии вазъи ҳаво огоҳ карда шуданд. Бино ба иттилои манбаъ, ҳавои ғуборолуд то 2 октябр идома меёбад. Ҳавои сард ду рӯз идома ёфта, аз 3 октябр баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст. Дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои ҷанубии ҷумҳурӣ ҳаво рӯзона гарм шуда, ҳарорат ба 20 дараҷа мерасад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рӯзона 15-18 дараҷа гарм мешавад. Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорат 7-11 дараҷа ва дар шарқи он 5-8 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар пойтахт рӯзона 15-18 дараҷа гарм хоҳад шуд. Хотиррасон мекунем, ки «боди афғонӣ»-боди хушк ва гарми маҳаллӣ буда, дар Осиёи Марказӣ мевазад. Вазидани он аз якчанд рӯз то ба чанд ҳафта идома меёбад.