04:52, 25 Ноябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ташвиши Амрико аз бемории “Зика”

Ҷилавгирӣ аз бемории «Зика» имрӯз яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ боқӣ мемонад.

Намояндагони соҳаи тандурустии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико занони ҳомиларо ҳушдор додаанд, ки аз сафар ба кишварҳои гирифтори ин маризӣ худдорӣ варзанд. Ба феҳристи чунин кишварҳо 11 мамлакат, аз ҷумла Бруней, Мянма, Камбоҷа, Индонезия, Лаос, Малайзия ва чанд давлати дигари Осиё шомил карда шудааст. «Зика» бемории сироятии маймунҳо буда, аксар вақт ба васитаи хомӯшакҳо ба инсон мегузарад. Бемории сироятии «Зика» асосан занони ҳомиларо зери таъсир қарор дода, ба майнаи сари кӯдаки навзод зарари ҷиддӣ мерасонад. Табибон муайян намудаанд, ки ин беморӣ ба қувваи босира ва шунавоии атфол ҳам таъсири манфӣ мерасондааст.