23:56, 23 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вазъи ҳавои кишвар барои 30.09.2016

Тавре мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳанд,

30-юми сентябр дар вилояти Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш ба қайд гирифта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 6 то 11 дараҷа ва рӯзона аз 24 то 29 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона шабона аз 3 дараҷа сард то 2 дараҷа гарм ва рӯзона аз 11 то 16 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар вилояти Xатлон ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ гардида, қисмати дуюми рӯз борони кӯтоҳмуддат хоҳад борид. Чангу ғубор ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Шабона дар водиҳо аз 15 то 20 дараҷа ва рӯзона аз 23 то 28 дараҷа гармӣ дар назар аст. Ҳаво дар доманакӯҳҳо шабона аз 10 то 15 дараҷа ва рӯзона аз 20 то 25 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда ва боришоти боронҳои кӯтоҳмуддат бо дарназардошти ба амал омадани чангу ғубор ва раъду барқ ба қайд гирифта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 8 то 13 дараҷа ва рӯзона аз 15 то 20 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво шабона аз 4 то 9 дараҷа ва рӯзона аз 16 то 21 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, боридани борон, раъду барқ ва ба амал омадани чангу ғубор аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 11 то 16 дараҷа ва рӯзона аз 23 то 28 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 7 то 12 дараҷа ва рӯзона аз 22 то 27 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯйӣ гардида, нимаи дуюми рӯз борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 13 то 15 дараҷа ва рӯзона аз 26 то 28 дараҷа гарм мешавад.