04:28, 22 Октябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар ҷаҳон 40 мамнунгоҳи баҳрӣ бунёд карда мешавад

Дар ҷаҳон беш аз 40 мамнунгоҳи баҳрӣ бунёд карда мешавад.

Ба чунин хулоса омаданд, иштирокчиёни ҳамоиши «Уқёнусҳо», ки дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сурат гирифт. Дар саммит намояндагон аз даҳҳо кишвари олам ширкат варзиданд. Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама ҳанӯз моҳи август дар хусуси бунёди бузургтарин мамнунгоҳи баҳрӣ дар олам дар ҷазираҳои Гавай ба мувофиқа омада буд. Дар ҳамоиш бештар дар бораи ҳимояи уқёнусҳо аз партобҳои гуногун сухан гуфта шуд. Намояндагон аз Франсия таҷрибаи худро ба иштирокчиён пешниҳод намуданд. Таъкид шуд, ки дар Франсия истифодаи коғазхалтаҳои полиэтиленӣ манъ гардидааст. Масоҳати умумии мамнунгоҳҳои баҳрӣ зиёда аз 1 миллион километри мураббаъро ташкил медиҳад, ки он баробар ба ҳудуди Африқои Ҷанубӣ мебошад.