02:13, 10 Декабри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Иди саиди Қурбон дар фазои озоду соҳибистиқлолии кишвар таҷлил гардид

Имрӯз сокинони мамлакат дар қатори дигар мусалмонони ҷаҳон

Иди саиди Қурбонро дар фазои озоду соҳибистиқлолии кишвар таҷлил намуданд. Субҳи барвақт дари тамоми масҷидҳои ҷомеъ барои намозгузорон ва адои ду ракъат намози ид боз гардид. Дар масҷиди марказии ҷумҳурӣ ба номи Хоҷа Яъкуби Чархӣ аҳли уламои дин намозгузоронро ба меҳнати садоқатмандона, саҳмгузорӣ дар пешрафту шукуфоии мамлакат ва дастгирии ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои эҳтиёҷманди ҷомеа даъват намуда, таъкид намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикии худ ба муносибати фарорасии Иди Саиди Қурбон аз ҷумла иброз доштанд, ки «Ҳикмати ин иди бузург тибқи таълимоти дини мубини ислом-самимияту садоқат ба Худои таоло, ростиву растагорӣ ва сафои қалбу рӯҳ мебошад. Ҳамчунин, дар хотир бояд дошт, ки дар асоси ҳадисҳои пайғамбари ислом ҳама гуна хайроту садақот, аз ҷумла моли қурбонӣ, пеш аз ҳама, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои бесаробону камбизоат, яъне муҳтоҷону тангдастон дода мешавад. Гуфта шуд, ки мақсаду мароми роҳбарияти давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки расму оинҳои милливу динӣ бояд дар доираи қонун баргузор гардида, барои ҳимояи манфиатҳои молии шаҳрвандон, баланд бардоштани фарҳанги маъракаороӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мусоидат намоянд. Дар охир намозгузорон ду ракъат намози идро адо намуда, ба хотири пешрафту шукуфоии ҷумҳурӣ ва ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ даст ба дуо бардоштанд.