02:29, 24 Августи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вазъи ҳавои кишвар барои 01.09.2016

Аз рӯйи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар,

якуми сентябр дар вилояти Бадахшон ҳавои абрнок ба қайд гирифта шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 11 то 16 дараҷа ва рӯзона аз 25 то 30 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона то 5 дараҷа ва рӯзона аз 12 то 17 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар вилояти Xатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ гардидааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 15 то 20 дараҷа ва рӯзона аз 33 то 38 дараҷа гарм хоҳад шуд. Ҳаво дар доманакӯҳҳо шабона аз 11 то 16 дараҷа ва рӯзона аз 27 то 32 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда ба қайд гирифта шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 15 то 20 дараҷа ва рӯзона аз 32 то 37 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво шабона аз 3 то 8 дараҷа ва рӯзона аз 17 то 22 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешбинӣ мегардад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 11 то 16 дараҷа ва рӯзона аз 32 то 37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 10 то 15 дараҷа ва рӯзона аз 25 то 30 дараҷа гармӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 13 то 15 дараҷа ва рӯзона аз 34 то 36 дараҷа гарм мешавад.