02:33, 21 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Низоми нави таҳсил барои синфҳои ибтидоӣ

Аз соли нави таҳсил омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дар мактабҳои кишвар

ба усули нави таълим мегузаранд. Латофат Назирӣ, муовини вазири маориф ва илм гуфтааст, барои роҳандозии ин тарзи таълим дар се моҳи таътили тобистона омӯзгоронро ба давраҳои омӯзишӣ фаро гирифтаанд. Ба гуфтаи вай, усули нави таълим "таҳсили босалоҳият" ном дошта, онро равоншинос ва педагоги амрикоӣ Бежамин Блум таҳия кардааст ва дар Ғарб низ бисёр маъруф аст. Муаллифи усули нав бовар дорад, ки бо ташкили шароити мусоиди таҳсил мумкин аст ба натиҷаҳои беҳтаре ноил шуд. Дар доираи барномаи гузариш ба ин усули таълим барои синфҳои ибтидоӣ китобҳои нав низ таҳия шудааст. Азим Байзоев, яке аз ташаббускорони барнома мегӯяд, дар ин усули таҳсил на "қориазёд" кардани муҳтавои дарс, балки дарку фаҳми мавзӯи дарсӣ ва чӣ гуна иҷрои он дар амал муҳим аст. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ин усули нави таълимро соли гузашта дар 55 мактаб таҷриба кардааст. Баъди ба даст омадани натиҷаи хуб ин тарҷиба соли ҷорӣ дар тамоми мактабҳо роҳандозӣ шудааст. Вазорат тасмим дорад, солҳои оянда низоми таълими салоҳиятнокро дар синфҳои болоӣ низ амалӣ кунад.