00:04, 11 Декабри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вазъи ҳавои кишвар барои 02.02.2016

Аз рӯи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар,

2-юми феврал дар вилояти Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 9 то 14 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 24 то 29 дараҷа ва рӯзона аз 11 то 16 дараҷа сардӣ пешбинӣ гардидааст. Дар вилояти Xатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона аз 7 то 12 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 5 то 10 дарача хунук ва рӯзона аз 2 то 7 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд низ ҳаво тағйирёбанда бебориш пешгӯӣ гардидааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона аз 6 то 11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 7 то 12 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мегардад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ гардида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо 05 дараҷа хунук ва рӯзона аз 7 то 12 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 то 9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст. Дар шаҳри Душанбе бошад, ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ гардидааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 2 то 4 дараҷа хунук ва рӯзона аз 10 то 12 дараҷа гарм хоҳад шуд.