10:41, 16 Декабри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

15 нафар ҷавондухтарон соҳиби касбу ҳунар гардиданд

Дар маркази дӯзандагии назди Корхонаи воҳиди давлатии

«Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно»-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади дастгирии ҷавондухтарони аз оилаҳои эҳтиёҷманд алалхусус камбизоатону ятимон курсҳои омӯзишии дӯзандаги роҳандозӣ гардидааст. Марказ имконият дорад, ки дар як давраи омӯзишӣ то 30 нафарро ба омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагӣ фаро гирад. Бояд қайд намуд, ки курси омӯзишии дӯзандагӣ бештар барои ҷавондухтарони аз оилаҳои эҳтиёҷманд пешбини гардидааст ва барои омӯзиши онҳо тамоми шароит ба шакли ройгон муҳайё карда мешавад. 29-уми январи соли ҷорӣ, намоиши дастовардҳои касбомӯзони курси дӯзандагӣ ба намоиш гузошта шуд, ки дар он ҷавонон, волидон ва намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳи ва шарикони ҳамкор иштирок намуда аз ҳунари аз худ намудаи онҳо шинос шуданд. Дар ифтитоҳи намоиш ба 15 касбомӯз аз ҷониби масъулини Кумита ва дигар шарикон шаҳодатномаҳо супорида шуд. Боиси қайд аст, ки ин иқдом зиёда аз 7 сол мешавад, ки аз ҷониби Кумита роҳандозӣ гардидааст.