18:02, 19 Августи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Вазъи ҳавои кишвар барои 31.01.2016

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар,

31-уми январ дар вилояти Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш хоҳад шуд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 10 то 15 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 23 то 28 дараҷа ва рӯзона аз 8 то 13 дараҷа сарди дар назар аст. Дар вилояти Xатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш ба кайд гирифта шудааст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо то 5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 то 8 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар доманакӯҳҳо шабона аз 7 то 12 дараҷа сард ва рӯзона 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш бо дарназардошти фаромадани туман дар баъзе ноҳияҳо пешгӯӣ гардидааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона то 5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 то 6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво шабона аз 11 то 16 дараҷа ва рӯзона аз 2 то 7 дараҷа хунукӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 то 7 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 то 8 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 7 то 12 дараҷа ва рӯзона то 5 дараҷа сард хоҳад шуд. Дар шаҳри Душанбе бошад, ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ гардидааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 5 то 7 дараҷа хунук ва рӯзона аз 6 то 8 дараҷа гарм мешавад.