05:05, 26 Июни 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Сироятёфтагони вируси «Зика» дар Венесуэла ба 4 ҳазор нафар расид

Теъдоди сироятёфтагон ба вируси «Зика» дар Венесуэла

ба 4 ҳазору 700 нафар баробар гардид. Дар ин бора вазири тандурустии ин кишвар Луисана Мело расман маълумот дод. Ба таъкиди номбура барои пешигирӣ аз паҳншавии беморӣ чораҳои зарурӣ андешида, амалӣ карда мешаванд. Аз сокинон даъват ба амал оварда шудааст, ки эҳтиёткор бошанд ва аз неш задани хомӯшакҳо худро эмин нигоҳ доранд. 25-уми январи соли равон коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иброз дошта буданд, ки вируси мазкур дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ хуруҷ карда, ба дигар кишварҳои ҷаҳон паҳн гардидааст. Аввалин ҳодисаи сироятёбии одамон ба вируси «Зика» моҳи майи соли 2015-ум дар Бразилия муайян гардида буд. Айни ҳол бемории мазкур дар 21 давлати ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст.