12:51, 20 Январи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Январ 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Африқои Ҷанубӣ ва Зимбабве бемории домана ба қайд гирифта шуд

Дар Африқои Ҷанубӣ ва Зимбабве бемории домана ба қайд гирифта шуд.

Давоми моҳи равон маротибаи чандум аст, ки ин маризӣ аз худ дарак медиҳад. Паҳншавии ин маризии сироятёбанда бори дигар дар миёни ахолӣ нигарониро барангехт. Мубталоёни бемории мазкур дар атрофи шаҳри Йоҳаннесбург ба қайд гирифта шудаанд. Аллакай як тан аз гирифторони домана фавтидааст. Дар шаҳри Претория низ ду зан бо ин маризӣ бистарӣ карда шудаанд. Дар шаҳри Кейптаун ҳам 3 нафар ба бемории домана гирифтор шудааст. Табибон аз авҷи ин беморӣ дар музфоти Хаутен ҳадс мезананд. Дар кишвари ҳамсояи Африқои Ҷанубӣ - Зимбабве бошад, 3 ҳодисаи мубталошавӣ ба домана муайян карда шуд. Моҳи январи соли 2012-ум дар пойтахти Зимбабве – шаҳри Ҳараре 900 нафар ба бемории домана мубтало шуда буданд. Аз сокинон тақозо карда шудааст, ки қоидаҳои санитариро риоя ва аз истифодаи оби ифлос худдорӣ варзанд. Нишонаҳои гирифторӣ ба ин маризӣ таби баланд ва дарди сару меъда арзёбӣ мегарданд.