00:05, 11 Декабри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

СММ: 24 млн кӯдак аз таҳсил канор мондаанд

Бино ба иттилои ҳайати комиссияи Созмони Милали Муттаҳид

оид ба масъалаҳои маориф айни замон дар минтақаҳои даргири сайёра 24 миллион кӯдак аз таҳсил канор мондаанд. Ба гуфти фирситодаи махсуси Созмони Милаи Муттаҳид оид ба масоили маориф - Гордон Браун ҳолати ногувор дар Сурия бештар ба назар мерасад. Вале бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта тибқи тасмими Хазинаи кӯдакони СММ бояд соли 2016-ум 8 миллион кӯдак ба таҳсил фаро гирифта шавад. Барои татбиқи ин барнома 2,8 миллиард доллар зарур аст. Хазинаи кӯдакони СММ - ЮНИСЕФ нақша дорад, ки шумораи кӯдаконеро, ки соли 2015-ум ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, аз 4,9 миллион ба 8,2 миллион нафар дар соли 2016-ум расонад. Дар шароити буҳрони молӣ 5 миллион доллари пешбинишуда ба кишвари ҷангзадаи Сурия равона мегардад. Ба иттилои созмонҳои ҷаҳонӣ дар сурати идомаи нооромиҳо дар кишварҳои даргири сайёра, аз ҷумла Ховари Миёна соли 2016 эҳтимол 43 миллион кӯдак аз таҳсил канор бимонад. СММ нақша дорад, ки барои кӯдакони оилаҳои муҳоҷире, ки дар ғурбат умр ба сар мебаранд, мактабҳои нав ташкил карда, таҳсилро дар ду баст ба роҳ монад. То ин дам дар кишварҳои Туркия, Урдун ва Лубнон 1 ҳазору 600 чунин мактабҳо таъсис дода шудааст. Дар ин мактабҳо кӯдакони бумӣ рӯзона ва атфоли муҳоҷирон бегоҳирӯзӣ ба тадрис фаро гирифта мешаванд. Танҳо дар Лубнон 206 мактаб фаъолият мекунад, ки дар онҳо 210 ҳазор кӯдак аз Сурия ба тадрис ҷалб шудааст. Барои таҳсили кӯдакони фирориён дар як рӯз дар ҳаҷми 10 доллари ИМА масраф мегардад. СММ нақша дорад, ки то соли 2017-ум барои ҳар як кӯдаки суриягӣ мизу курсии алоҳида ва шароити хуби таҳсил фароҳам созад.