10:19, 16 Декабри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хоҷагии ҷангал: 14 872 кг тухми дарахту буттаҳои ҳархела ҷамъоварӣ шуд

Соли 2015-ум корҳои бунёду барқароркунии ҷангалзор

дар майдони 1 ҳазору 987 гектар иҷро гардид, иттилоъ доданд, масъулини Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бино ба гузориши масъулини соҳа ин нишондод ба 111 дарсади нақша баробар мебошад. Кормандони соҳа дар ин давра дар майдони 12 ҳазору 580 гектар корҳои нигоҳубини ҷангалзорро анҷом додаанд. Дар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар майдони 647 гектар пурракунонии зичии ниҳолҳои солҳои гузашта гузаронида шуд, ки 108 дарсади нақшаро дарбар мегирад. Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки 14 ҳазору 872 килограмм тухми дарахту буттаҳои ҳархела ҷамъоварӣ шудааст, ки он барои рушди ниҳолпарварӣ ва бунёди ҷангалзори нав истифода мешавад. Кормандони соҳа оид ба вайрон намудани талаботи Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 ҳазору 39 ҳолати вайронкунии қонунгузориро ба қайд гирифтаанд. Таъкид гардид, ки соли гузашта корҳои сохтмони асосии идораҳои маъмурии хоҷагиҳои зертобеи Агентӣ ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ иҷро гардида, 1 ҳазору 820 нафар бо ҷойҳои нави кори доимӣ бо тариқи идоракунии муштараки ҷангал таъмин гардид ва дар корҳои мавсимии саҳроӣ 7 ҳазору 200 шаҳрванд ба фаъолият ҷалб карда шуданд.